ХОНАНДАГОНИ АЗИЗИ МАҶАЛЛАИ “ИЛМ ВА ТЕХНИКА” — СИПОС, КИ БО МО ҲАСТЕД!
Аввалин вазифаи мо аз он иборат аст, ки барои ҳамаи наврасону ҷавонон, донишҳои мувофиқро бо забонҳое, ки онҳо мехоҳанд, пешкаш намоем. Аз ин рӯ, мо маҷалларо он гуна таҳия кардаем, ки ба синну соли гуногун нигаронида шуда, ба ҳама фанҳои соҳаи риёзиву табиатшиносӣ ҷавобгӯ мебошад.
32 саҳифа — маводи ҷолиб
Рубрикаҳои илмӣ барои наврасон, ҷавонон ва волидайни онҳо.
Маводҳои бодиққат интихобшуда
Танҳо маълумоти тасдиқшуда ва боэътимод.
Табиат, инсон ва техника
Сахифаҳо бо маводҳои ҷолиб ва расмҳои дурахшон.
Чӣ меёбанд дар маҷалла?
- Илмҳои дақиқ бо забонҳои англисӣ ва русӣ ва расмҳои дурахшон;
- Ребусҳо, муаммоҳо ва масъалаҳо барои санҷиши дониш;
- Саёҳат ба олами илм бо персонажҳои мо: Роботҳои Илм ва Техника;
- Таҷрибаҳои кимиёвӣ ва физикӣ, ки дар хона ва муҳити атроф гузаронида мешаванд бо персонажҳои “Кимиё ва Закариё”;
- Маҷалла ҷаҳонбинии шуморо васеъ мекунад ва ба шумо дар интихоби касб ёрӣ мерасонад.